Таъсиси грантҳо барои рушди ҳунарҳои дастӣ
Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ҷиҳати иҷрои Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 оид ба эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар соли 2015 грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсис дода мешаванд.
Дар ин бора қарори раиси вилояти Суғд аз 16 феврали соли 2015 ба тасвиб расид.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, тибқи ин қарор 30 гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ муайян мешавад.
Грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба занҳои ҳунарманд ва соҳибкор — шахсони алоҳидаи воқеие, ки лоиҳаҳои таҳия намудаи онҳо бозгӯи масоили умда буда, ба саҳми арзандаи занон дар рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ, фаъолияти соҳибкории онҳо дар ин самт ва сатҳи баланди эҷодӣ мусоидат мекунанд, ҷудо мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






