Таъсиси марказҳои пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон
Душанбе, 25.02.2015. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- Минбаъд соҳибкорони кишвар метавонанд барои рушди тиҷорати худ аз марказҳои пешбурди тиҷорат ба таври ройгон машварат гирифта, дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда гузоранд. Фаъолияти марказҳои мазкур дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ дар шаҳрҳои марказии кишвар, аз қабили Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа ба роҳ монда шуда, ҳадафи онҳо ташкили доимии хизматрасонии машваратӣ ва омӯзишӣ дар асоси ниёзҳои соҳибкорони кишвар маҳсуб мешавад.
«Марказҳои пешбурди тиҷорат катализаторҳои иқтидори тиҷоратю содиротӣ ва нуқтаи баромади истеҳсолкунандагони ватанӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошанд, ки ҷиҳати рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ на танҳо дар бозори дохилӣ, балки дар бозорҳои хориҷӣ низ мусоидат мекунанд»,-иброз дошт Шариф Саид-раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 25 феврал зимни нишасти хабарӣ. Ба гуфтаи мавсуф таъсиси марказҳои пешбурди тиҷорат дар назди Палатаи савдо ва саноати кишвар самараи ҳамкориҳои миёни ин ниҳод ва Барномаи рушди СММ (БРСММ) мебошад.
Ба иттилои Рустам Шодибеков-мушовири лоиҳаи «Мусоидат ба тиҷорат»-и Барномаи рушди СММ дар бахши хизматрасониҳои Марказҳои пешбурди тиҷорат оид ба боло бурдани иқтидори тиҷоратии соҳибкорон дар муддати кӯтоҳ (6 моҳ) шаш силсилаомӯзиш дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла стандартҳои байналмилалии сифат «ISO» ва «НАССР», иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалиӣ, низоми андозбандӣ, танзими тартиботи содиротӣ ва воридотӣ, инчунин оиди бурдани тиҷорат бо ширкатҳои туркӣ гузаронида шуданд. «Ҳамагӣ дар ин омӯзишҳо беш аз 200 соҳибкор ширкат варзид, ки 93%-и он аз ин хизматрасонӣ қонеъ шуд», — афзуд Рустам Шодибеков.
Дар самти таъмини марказҳои пешбурди тиҷорат бо кормандон масъулин иброз доштанд, ки барои фаъолияти онҳо пеш аз ҳама коршиносони бахши иқтисод ҷалб хоҳанд шуд. «Минбаъд соҳибкорони ботаҷрибаи кишвар низ метавонанд дар ин марказҳо ба сифати машваратчӣ фаъолият намоянд»,-иброз дошт Парвиз Акрамов- ҳамоҳангсози лоиҳаи «Мусоидат ба тиҷорат»-и БР СММ.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






