Тавилдара: Сарбозон содиқона хизмат хоҳанд кард
Душанбе, 24.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бахшида ба Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ дар қисми ҳарбии 02011-и Вазорати мудофиа дар деҳаи Лухарвии ҷамоати деҳоти Сангвори ноҳияи Тавилдара чорабинии идона баргузор гардид.
Тибқи иттилои мудири Бахши фарҳанги ин ноҳия Сабоҳат Қурбонова, дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, волидон ва наздикони сарбозону афсарон ширкат намуданд.
Раиси ноҳия Ҳиммати Ғайрат тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, ҳомиёни ватанро бо 22-солагии таъсиси Артиши миллӣ табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки сарбозони ватан ҳамеша барои ҳимояи марзу тамомияти кишвари маҳбубамон содиқона хизмат хоҳанд кард.
Ҳ. Ғайрат аз комёбиҳои хизматчиёни ҳарбӣ дар тӯли ин солҳо ёдовар шуда, хизматчиёни ҳарбиро таъкид бар он намуд, ки минбаъд низ баҳри рушди артиш ва боз ҳам пурқудрат намудани Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар роҳи баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлати соҳибистиқлол бояд ҷаҳду талош намуд.
Дар интиҳо афсарону сарбозоне, ки хизмати хубу бенуқсон доранд, бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, аз ҷониби Бахши фарҳанги мақомоти ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ пешкаш гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






