Тавлиди чоргоник дар Соли оила фоли нек аст
Душанбе, 5.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Субҳи имрӯз барои табрики Гулшан Маҷнуноваи 28- сола, ки 30 январи соли равон дар таваллудхонаи рақами 3 шаҳри Душанбе чоргоник- 3 духтар ва 1 писар таваллуд кардааст, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Лола Бобоҳоҷиева, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Махфират Хидирзода ва духтурони ин таваллудхона ҷамъ омаданд.
Дар ҷамъомад муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ гуфт, ки Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз супориш додааст, ки ба ин модари хушбахт хонаи сеҳуҷрагӣ бо тамоми анҷоми зарурии рӯзгор туҳфа гардад. Калиди хона дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ба ин оилаи хуштолеъ супорида мешавад.
Дар айни ҳол саломатии модар ва кӯдакон хуб мебошад.
Муовини сарвазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ гуфт, ки дар даҳсолаи охир ин нахустин маротиба аст, ки дар Тоҷикистон чоргоник таваллуд шудааст: «Мо тамоми тадбирҳоро барои нигоҳ доштани саломатии кӯдакон ва модар андешида истодаем. Ин падидаи хеле хубест дар оғози Соли оила эълон гаштани соли 2015. Гулшан Маҷнунова 2 моҳ зери назорати духтурон буда, пеш аз муҳлат таваллуд кардааст».
Ба гуфтаи Марҳабо Ҷабборӣ модару кӯдакон пас аз баромадан аз беморхона низ таҳти назорати духтурон хоҳанд монд ва ба онҳо як ҳамшираи шафқат ва як корманди ҳифзи иҷтимоӣ вобаста мешавад. Инчунин масъалаи бо хӯрокӣ таъмин гардидани кӯдакон низ ҳалли худро ёфтааст.
«Ин барои мо ифтихор аст, ки дар Тоҷикистон дар Соли оила чоргоник таваллуд шуд, зеро имрӯз мушкилии пошхӯрии оилаҳо зиёд ба назар мерасад»,- баён дошт М.Ҷабборӣ.
Мудири шуъбаи таваллудхонаи рақами 3-и пойтахт Мастибегим Зарифбекова мегӯяд, ки Гулшан дар рӯзи навбатдории вай таваллуд кардааст. Аз сабаби он, ки вазъи модар камтар вазнин буд, ӯро ҷарроҳӣ кардаанд ва ҷарроҳӣ хуб гузаштааст. Ба гуфтаи М.Зарифбекова чунин ҳолатҳое, ки ҳамаи кӯдакон солим таваллуд шаванд, хеле кам ба чашм мерасад, ҳарчанд ин кӯдакон дар ҳафтаи 35-ум таваллуд шудаанд.
«Кӯдакон бо вазни аз 1 килою 400 то 2 килою 400 грамм таваллуд шуданд. Дар таҷрибаи ман таваллуди чоргоник аввалин маротиба мебошад. Зоиши ду ва зиёда кӯдак аз оила вобаста аст. Ҳастанд ҳолатҳое, ки аз тариқи доруҳо низ метавон якчанд кӯдак таваллуд кард, вале дар авлоди Гулшан сегоникҳо низ будаанд»,-гуфт М.Зарифбекова.
Аз таваллуди чоргоникҳо хешону пайвандони Гулшан хеле хурсанд буда, падари Гулшан мегӯяд, ки ин доди Худост. «Ман аз духтурони таваллудхонаи рақами 3 хело минатдорам, зеро дар муддати 2 моҳе, ки духтари ман дар ин ҷо буд, онҳо ӯро хуб нигоҳубин карданд».








«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд






