Тавсеаи робитаҳои Душанбе ва Сеул

Февраль 25, 2015 16:11

Душанбе, 25.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Гардиши умумии савдои хориҷӣ дар соли 2014 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея 53,1 миллион $ -ро ташкил дод, ки аз он 140 ҳазор $  содирот ва  53 миллион $ воридот мебошад. Ин матлабро 25 феврал Ҷамолиддин Нуралиев- муовини аввали вазири  молияи кишвар дар назди вакилони Парлумон зикр кард. Мавсуф, ки дар ҷаласаи навбатии Парлумони мамлакат Конвенсияи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея  оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата  ва пешгирии  саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармояро тавзеҳ дод, гуфт, ки ин санад 31 июли соли 2014 дар Душанбе ба имзо расидааст. 
         Бо дахли муҳимияти ин санад масъули намояндаи вазорати молияи ҷумҳурӣ афзуд, ки ҳадафи Конвенсияи мазкур муҳайё намудани шароит барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии давлатҳои аҳдкунанда ҷиҳати андозбандии даромад ва моликият  танҳо дар яке аз давалтҳои аҳдкунанда ва бартараф  намудани андозситонии дукарата мебошад. 
     Амалӣ намудани  масъалаи мазкур имконият медиҳад, ки ҷалби сармоягузорони мутақобила дар байни давлатҳои аҳдкунанда афзоиш ёбад. Дар доираи Конвенсияи мазкур масъалаи андозбандии даромад, амвол, музди меҳнат табодули иттилотӣ байни мақомоти салоҳиятдор ба танзим дароварда мешавад. 
           Зимни тасдиқи санади мазкур Сафаралӣ Гулов-муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия афзуд, ки ба тасвиб раоснидани Конвенсияи мазкур ҷиҳати ҷалби сармояи Корея ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо ин кишвари пешрафтаи осиёӣ мусоидат менамояд.  Таъкид шуд, ки равобити дӯстонаи Тоҷикистону Корея дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба густариш меёбанд.
 
 

Февраль 25, 2015 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд