Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Манбаи барқи оянда» иштирок мекунад
Душанбе, 05.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 3 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқот бо ҳайати Қазоқистон бо роҳбарии комиссари ЭКСПО — 2017 муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Рапил Жошибоев баргузор шуд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар мулоқот вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода ва муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова ширкат доштанд. Дар ҷараёни мулоқот масоили вусъат бахшидани ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодии байни Тоҷикистону Қазоқистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Тавре ки аз маркази матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Рапил Жошибоев аз ҷараёни омодагӣ ба ЭКСПО — 2017 ва шартҳои иштирогк дар он нақл карда, аҳамияти ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар намоишгоҳро хотирнишон сохт.
Шиори намоишгоҳ «Манбаи барқи оянда» буда ва он ба манбаҳои алтернативии барқ ва технологияҳои «сабз» бахшида шудааст. Намоишгоҳи умумиҷаҳонӣ аз 3 июн то 10 сентябри соли 2017 дар шаҳри Остона баргузор шуда, дар он қариб 100 кишвари ҷаҳон ва 10 созмони байналмилалӣ иштирок менамоянд.
Намоишгоҳи ЭКСПО — 2017 имкон медиҳад, ки технологияҳои беҳтарини сарфаи барқи ҷаҳон, нақшаю технологияҳои нави истифодаи манбаҳои мавҷудаи алтернативии барқ аз қабили қувваи офтоб, бод, обҳои баҳру уқёнус ва чашмаҳои гарм истифода шаванд.
Муовини раиси ПСС ҶТ М.Рустамова изҳор дошт, ки Тоҷикистон узви Бюрои байналмилалии намоишгоҳ буда, ҷумҳурии мо дар намоишгоҳҳои ЭКСПО — 67 (Монреал, Канада), ЭКСПО — 70 (Осака, Ҷопон), ЭКСПО — 2000 (Ганновер, ҶФО), ЭКСПО — 2005 (Айчи, Ҷопон), ЭКСПО — 2010 (Шанхай, ҶМЧ), ва ғайра иштирок кардааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






