Тоҷикистон иштирокчии 108 шартномаи Конвенсия Апостил

Февраль 26, 2015 15:19

Душанбе, 26.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тоҷикистон бо дастгирии Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ (IFC) ба Конвенсияи Апостил ҳамроҳ мешавад. 
Дар робита ба ин чанде пеш  Рустамҷон Солиев-Сафири Тоҷикистон дар Белгия, Нидерланд ва Люксембург ҳуҷҷатҳои Тоҷикистонро оид ба ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Гаага, ки чун Конвенсияи Апостил машҳур аст ва талаботи қонунигардонии ҳуҷҷатҳои расмии хориҷиро бекор мекунад, пешниҳод намуд.
Конвенсияи мазкур муваффақтарин шартномаҳои ҷаҳонӣ оид ба ҳамкории ҳуқуқӣ аст. Пас аз ҷамъбасти тартиби дохилии аз ҷониби Конвенсия пешбинӣ гардида, он дар Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2015 эътибор пайдо менамояд ва ба ҳамин тариқ, Тоҷикистон иштирокчии 108 шартномаи Конвенсия мегардад.
Конвенсияи Гаага оид ба Апостил ба як шакл даровардани тартиби тасдиқкунии ҳуҷҷатҳои расмиро имконпазир мекунад, ки дар натиҷа онҳо метавонанд дар хориҷи кишвар истифода шаванд ва ҳамчунин ширкатҳои хориҷӣ дар масъалаҳои байнимарзии байналмилалӣ дилпурии ҳуқуқӣ пайдо менамоянд.
«Ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага оид ба Апостил дар фурсати муносиб бо мақсади дастгирии пешрафти иқтисодии кишвар мегузарад. Ин ба мустаҳкам кардани боварӣ ба Тоҷикистон дар соҳаи савдои хориҷа мусоидат мекунад. Мо ҳамчунин бартариятҳои аҳамиятнокро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷа фаъолият ва таҳсил мекунанд, интизор ҳастем»,- гуфт Кристофер Миллер-роҳбари Барномаи IFC.
Барномаи IFC оид ба муҳити сармоягузорӣ як қисми таҷрибаи ҷаҳонии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар савдо ва рақобат аст. Дар маркази таваҷҷуҳи тачриба таъмини пешрафти иқтисодӣ ва ташкил кардани ҷойҳои корӣ тавассути баланд бардоштани рақобатпазирӣ, васеъ кардани ҳаҷми савдо, ҳавасмандкунии навовариҳо ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ дар ҳамкорӣ бо сиёсатмадорон ва сохтори хусусӣ дар миқёси ҷаҳонӣ аст. Барнома дар шарикӣ бо Ҳукумати Швейтсария ва Вазорати масъалаҳои рушди байналмилалии Шоҳигарии Муттаҳида амалӣ мегардад. 
Барои гирифтани маълумоти муфассал метавонед ба сомонаҳои мазкур муроҷиат намоед:
www.worldbank.org www.miga.org www.ifc.org  
маълумоти муфассал роҷеъ ба конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи байнамиллалии хусусӣ   ба сомонаи: www.hcch.net  
маълумоти муфассал рочеъ ба кори Конвенсияи Апостил  ба сомонаи  HCCH оид ба Апостил: http://www.hcch.net/index_en.php?act=text.display&tid=37
маълумот оид ба кумаки Швейтсария: 
www.swiss-cooperation.admin.ch/centralasia
маълумот  оид ба Департаменти Бритониёи Кабир дар соҳаи рушди байналхалқӣ: www.dfid.org  
 

Февраль 26, 2015 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид