Туркия: ифтитоҳи ду қитъаи овоздиҳии интихоботӣ
Анқара, 25.02.2015. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ба интихоботи дар пешистодаи парлумонӣ дар Тоҷикистон, ки 1-уми марти соли 2015 баргузор мегардад, омодааст. Бо дастури Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и ҶТ аз ҳисоби кормандони сафорат дар Анқара комиссия оид ба интихобот таъсис ёфт ва чорабиниҳои омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба итмом расиданд. Чуноне ки аз сафорат хабар доданд, дар Туркия ду нуқтаи овоздиҳӣ дар бинои сафорат дар Анқара ва дар консулгарии генералӣ дар шаҳри Истанбул ифтитоҳ мегардад.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ дар ин давра, зиёда аз 700 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия иқомат дорад, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои олии Туркия таҳсил мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки барои баргузории чунин маъракаҳо сафорат таҷрибаи бой дорад ва далели он интихоботи президентии Тоҷикистон аст, ки 6 ноябри соли 2013 дар сатҳи олӣ доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон расман 8 ҳизб ба қайд гирифта шудааст — Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






