Вакилон масъалаи тасдиқи созишномаро баррасӣ менамоянд

Февраль 4, 2015 11:56

Душанбе,  04.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ба рӯзномаи ҷаласаи  навбатии  иҷлосияи  шашуми Маҷлиси  намояндагон даъвати  чорум, ки  имрӯз, 4  феврал,  дар  шаҳри  Душанбе баргузор  мегардад, се  масъала ворид  карда шудааст.
Тавре  ки   котиби  матбуоти  парлумони  кишвар Муҳаммадато  Султонов  хабар  медиҳад,  вакилон масъалаҳои тасдиқи  муоҳадаю  созишнома  ва ба  қонуни  амалкунандаи  ҶТ  ворид  намудани ислоҳотро баррасӣ  мекунанд.
Ҳамчунин Муоҳада дар  бораи имтиёзу  масуниятҳои  муассисаҳои  махсуси СММ ва  Созишномаи байни  ҳукуматҳои  Тоҷикистону  Покистон дар  бораи  ташкили гурӯҳи  муштараки  корӣ оид ба  мубориза  бо  терроризми  байналмилалӣ барои тасдиқ  пешниҳод  шудаанд.
Дар  ҷаласа  ҳамчунин ислоҳот   ба  қонуни  ҶТ «Дар  бораи  ҳифзи  ҳуқуқҳои  истеъмолкунандагон»  мавриди баррасӣ  қарор  мегирад. 

Февраль 4, 2015 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд