Вакилони арзандаро интихоб мекунем!
Душанбе, 27.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар давоми зиёда аз 23 соли истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои пешрафти ҳаёти ҷомеа, таъмини суботу оромӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, озодиҳои динӣ, бунёди муассисаҳои таълимию маърифатӣ, сохтмони иншоотҳои коммуникатсионӣ ва саноатӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.
Мо муҳоҷирони тоҷикистонӣ, ки солиёни зиёд дар Русия қарор дорем, хуб дарк менамоем, ки дар шароити ҳозира давлатдорӣ кардан кори саҳл нест. Дар ҳоле, ки Русия бо ин қадар қудрати сиёсиву боигарии табиӣ ба буҳрони калон гирифтор шудааст, барои кишварҳои хурд то кадом андоза мушкил будани ҳифзи манфиатҳои давлатию миллиашон душвор хоҳад шуд.
Аз ташкил кардани давлат, ҳифзи оромию суботи он кори вазнин буда, барои ин бояд ҳамаи мардум дар атрофи Ҳукумат ҷамъ омада, саъю кӯшиш кунанд.
Мо як бор ҷанги шаҳрвандиро дидем ва сабаби парешониву оворагии мо низ ҳамин ҷанг шуд. Вале дар натиҷаи сиёсати дурусти роҳбарият ва фаҳмиши баланди мардуми азизамон дубора сулҳу ваҳдат дар Ватани мо барпо шуд.
Акнун ин озодию оромиро бояд нигоҳ дорем. Баъзан шаҳрвандони мо, ки дар муҳоҷиратанд, ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекунанд. Албатта, ягон ҳукумат бе камбудӣ нест. Аммо фаромӯш набояд кард, ки норозигиҳои моро метавонад ягон қувваи бадхоҳи хориҷӣ истифода кунад ва моро дубора ба гирдоби ҷангу хунрезӣ гирифтор намояд. Дар чунин ҳолат таърих моро нахоҳад бахшид.
Мардуми шарифи тоҷик дар ин давраи мураккаб бояд бедорию ҳушёриро аз даст надиҳад ва фирефтаи неруҳои бадхоҳ нагардад.
Мо барои тамдиди иқомати худ дар Русия мунтазам ба Украина гузашта, дубора меомадем. Зимни сафар ба он кишвар шоҳиди бевосита гардидем, ки кишвари бузурги Украина як майдони муборизаҳои неруҳои манфиатҷӯи дохилию хориҷӣ шудааст. Оқибати вазнини ҷангро мардуми бечора мекашад. Таҷрибаи кишвари мо низ инро нишон дода буд, ки асосан мардуми бечора аз ҷанг зарар мебинад.
Имрӯзҳо шукр мекунем, ки кишвари мо ором асту мардум зиндагии осоишта дорад. Мо бояд чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, озодию ободии кишварамон мубориза барем.
Вақте ки мо корҳои мавсимиро анҷом дода, охири сол ба Ватан бармегардем, фараҳманду хурсанд мешавем, зеро медонем, ки ба Ватани ободу зебоямон бармегардем ва дар он ҷо соҳиби ҳуқуқу эҳтиром ҳастему озодем.
Аз тариқи телевизион мо дида истодаем, ки маъракаи пеш аз интихоботӣ дар Ватанамон озодонаю дар доираи қонун ҷараён дорад. Мо умед дорем, ки ба ин маъракаи муҳим шаҳрвандони огоҳи кишварамон ва хусусан муҳоҷирон диққати ҷиддӣ дода, дар интихобот шахсони арзандаро интихоб мекунанд. Онҳоеро интихоб мекунанд, ки ба манфиати Ватану миллат, ба Тоҷикистони соҳибистиқлол, озоду ягона, дунявию демократӣ хизмат хоҳанд кард.
Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии минтақавии
«Маркази мадании тоҷикон «Пайванд»
дар ш. Тюмени Русия Абдулло Каримов








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






