Ваколати вакили МН пеш аз муҳлат қатъ гардид
Душанбе, 25.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар асоси Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Насрулло Маҳмудов бинобар таъйин гардиданаш ба вазифаи прокурори вилояти Хатлон пеш аз муҳлат қатъ гардонида шуд.
Ҳамзамон Насрулло Маҳмудов аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бароварда шуд.
Насрулло Маҳмудов дар интихоботи парлумонии соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Конибодом №19 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ интихоб гардида буд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






