Ваколати вакили Парлумон пеш аз муҳлат қатъ гардид
Душанбе, 11.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- 11 феврал бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати вакили Маҷлиси намояндагон Сӯҳроб Шарипов бо сабаби вафот пеш аз муҳлат қатъ гардид. Ҳамзамон бо Қарори дигари палатаи поёнии Парлумони мамлакат С. Шарипов аз ҳайати Кумисияи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон бароварда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки вакили Маҷлиси намояндагон Сӯҳроб Шарипов 19 январи соли равон бинобар сабаби беморӣ дар синни 52-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






