Ваколати вакилони палатаи поёнии Парлумон анҷом ёфт
Душанбе, 27.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи хотимавии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардида, бо ҳамин ваколати вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар даъвати чорум ба анҷом расид.
Дар назди вакилон раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир ба фаъолияти панҷсолаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузориш дод. Мавсуф гуфт, ки даъвати чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар дар марҳилае ҷараён гирифт, ки халқу давлати мо дар роҳи бунёди ҷомеаи навин қадамҳои устувор гузошта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самту ҳадафҳо ва барномаю стратегияҳои гуногунмуҳлати иқтисодию иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои ҷомеа саъю талош менамоянд.
Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки дар шароити пуртазоди печидаи шиддат ёфтани вазъи муракаби минтақа ва ҷаҳон, авҷ гирифтани рақобат, таҳдидҳои пайдарпайи буҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, бархурди манфиатҳои кишварҳои абардқудрат, масъалаи ҳифзу тақвияти давлату давлатдории миллӣ аҳамияти муҳим пайдо менамояд.
-Дар чунин шароити мураккаб,- таъкид кард раиси палатаи поёнии Парлумони кишвар,- давлатҳое бештар ба муқовимат тоб оварда метавонанд, ки низоми ҳуқуқии комилу пешрафта ва ба талаботи замона ҷавобгӯро ташаккул дода бошанд. Ҷараёни қонунгузорӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳар як давлат маҳсуб меёбад ва аз рӯи фаъолияти қонунгузорӣ санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда дар бораи ҳар як давлат роҷеъ ба дараҷаи демокративу муосир ва тамаддуннокии он баҳо дода мешавад.
Раиси палатаи поёнии Парламон кишвар бо дахли муҳимияти фаъолияти Маҷлиси намояндагон гуфт, ки Парламенти Тоҷикистон барои ворид шудан ба фазои ҳуқуқии байналмилалӣ қадами муассир гузошт. Шукурҷон Зуҳуров нақши палатаи поёнии Парлумони кишварро дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи манфиатҳои миллию давлатдорӣ, таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, рушди парламентаризм ва дар татбиқи барномаҳои стратегии кишвар муҳим арзёбӣ намуда, роҷеъ ба паҳлӯҳои афзалиятноки фаъолияти дар панҷ сол анҷомдодаи ин шохаи қонунгузории кишвар гузориши муфассал ироа намуд.
Бояд зикр кард, ки Маҷлиси намояндагон муддати 15 сол аст, ки фаъолият дошта, ба ҳайси палатаи поёнии Парлумони кишвар фаъолияти доимӣ дорад. Палатаи мазкур аз 63 вакил иборат буда, онҳо дар асоси баргузор намудани интихоботи парлумонӣ ба муҳлати панҷ сол интихоб мегарданд. Дар интихоботи парлумонӣ, ки 1 март дар ҷумҳурӣ баргузор мегардад, номзадии 18 нафар вакилони даъвати чорум низ пешбарӣ гардидааст ва интизор меравад, ки боз вакил интихоб гардида, ба курсии Маҷлиси намояндагон нишинанд.








Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд






