Ванҷ: Бонувон аз заҳмати обкашонӣ раҳоӣ ёфтанд
Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар соли 2014 бо маблағгузории Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» кашидани хатти нав ҷиҳати бо оби нӯшокӣ таъмин кардани мавзеи аҳолинишини Дашти Бовуд ва маҳаллаи Сомониёни маркази ноҳияи Ванҷ оғоз гардид.
Тибқи иттилои Одинашо Пиров- сардори Корхонаи фаръии воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия, ин иншооти самти иҷтимоӣ барои сокинони ин қисмати шаҳраки Рохарв, ки аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, басе зарур мебошад ва он то ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Номбурда ҳамзамон афзуд, ки танҳо соли гузашта ба деҳаҳои Сед, Бунай, Бунига ва Рави деҳоти «Техарв», «Водхуд» ва «Ҷовидон» хатти оби нӯшокӣ дар масофаи 4-5 километр бунёд шуд ва сокинони ин рустоҳо, махсусан бонувон, аз заҳмати обкашонӣ аз маконҳои хеле дур раҳоӣ ёфта, шукронаи ғамхориҳои доимии Президенти кишварро мекунанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






