Вазъи бозори коғазҳои қиматнок
Душанбе, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-25 феврал бо ташаббуси кафедраи фаъолияти биржавӣ ва коғазҳои қиматноки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи «Мушкилоти муосири ташкили бозори коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар доир гардид.
Ба иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева муовини директори Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва ба қайдгирии махсуси назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Чиллаев дар мавзӯи «Вазъи бозори коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, зикр кард, ки бозори коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ унсури муҳими бахши молиявии иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб рафта, метавонад барои ҷалби маблағҳои озод ва ба соҳаҳои дигари иқтисодиёт сармоягузорӣ намудани онҳо заминаи воқеӣ гузорад.
Ҳадафи семинар тақвияти дониш ва малакаи устодону донишҷӯён оид ба вазъи бозори коғазҳои қиматнок буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






