Вазъи нашъамандӣ ҳамоно ташвишовар аст
Душанбе, 11.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи Шӯрои вилоятии танзимотӣ оид ба ҷилавгирии сӯистеъмоли маводи мухаддир баргузор гардида, дар он масоили татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки дар ин бахш 1 ҳазору 390 нашъамандон ба қайд гирифта шудаанд, ки 17 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Соли 2014 тамоюли дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Бохтар, Вахш, Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ҳамадонӣ ва Данғара афзудани теъдоди нашъамандон мушоҳида гардид.
Таҳлили ин ҳолат шаҳодат медиҳад, ки аксаран ҷавонон мубталои нашъамандӣ мешаванд. Дар робита бо ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятиро зарур аст, ки барои ҷилавгирии ба нашъамандӣ ҷалб шудани ҷавонон чораҳои қатъӣ бинанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин нақшаи чорабиниҳои Шӯрои танзимотии оид ба ҷилавгирии сӯистеъмоли маводи мухаддир барои соли 2015 мавриди муҳокима қарор гирифт. Пешниҳод шуд, ки барои тафтиши доимии вазъи нашъамандӣ аз ҷумлаи аъзои Шӯрои танзимотӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






