ВКД ҶТ: Баргузории машварати омӯзишӣ дар Суғд
Душанбе, 04.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз дар Раёсати ВКД-и вилояти Суғд машварати омӯзишӣ бо иштироки роҳбарият, сардорони шуъбаву шуъбачаҳои дастгоҳи марказии Раёсат, сардорон ва муовинони самти кадрӣ ва кормандони гурӯҳҳои кадрӣ ва кор бо ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳру навоҳии вилоят ва масъулини кор бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ВКД дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ дар машварат сардори РВКД дар вилояти Суғд Назарзода Шариф Раҳмон оид ба риояи ҳатмии қонуният ва интизоми хизматӣ ҳарф зад.
Дар машварат вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», фармоишҳои Вазорати корҳои дохилӣ, «Низомнома оид ба ташкил ва амалӣ намудани фаъолияти раҳнамоӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ» ва дигар оинномаву низомномаҳои ВКД, ки самти фаъолияти кадриро муайян намудаанд ва ё бевосита ба самти кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ нигаронида шудаанд, аҳамияти хосса зоҳир шуд.
Зикр шуд, ки Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони як силсила мақомот супориш дод, ки “бояд сатҳу сифати таълим ва корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вазоратҳои корҳои дохилӣ, мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохтору мақомоти низомӣ, инчунин тайёрии касбии кормандони мақомоти мазкур бо назардошти талаботи замони муосир ва вазъи ҷаҳони имрӯза баланд бардошта шавад”.
Аз ин рӯ мо бояд ба боварии Сарвари Давлат сазовор гашта, кадрҳои ҷавону болаёқат ва ба Ватан содиқу поквиҷдонро тарбият намоем.
Дар машварат оид ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва ноил шудан ба натиҷаҳои назарраси хизматӣ мубоҳисаю музокираҳои судманд сурат гирифт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






