ВКД ҶТ: Мусодираи ҳаҷми калони маводи мухаддир
Душанбе, 24.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳафтаи сипаригардида аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Шеравган Искандаров, соли таваллудаш 1971 ва Камолиддин Мадхолов, соли таваллудаш 1977, сокинони шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо 44 дона хабҳои ба моддаҳои психотропии навъи (МДМА 3,4 метиллендиоксиметафетанин) мансуб буда, ки вазни умумиашон 10,717-граммро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира шуд. Дар ин бора ВКД ҶТ хабар медиҳад.
Манбаъ ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки 21-уми феврал дар натиҷаи гузаронидани як амалиёти махсус дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ шаҳрванд Хуршед Гадоев, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Шӯрообод дастгир гардид, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 564-грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд.
«Ҳамин тариқ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Панҷ шаҳрванд Зоиршоҳ Шоҳсаидов, соли таваллудаш 1987, сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуд, ки зимни кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтааш 14 кг 770 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш дар ин самт идома дорад»,-зикр менамояд сарчашма.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






