ВКД: Мусодираи маводи тарканда ва воситаҳои таркишӣ
Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз зимни як амалиёти махсус аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Сино-1 ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш шаҳрванд Зафар Буриев, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дастгир шуд.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 1 адад зарфи пластикии 1,5-литра, ки дар дохилаш хокаи торик, 2 адад селофани рангаш сиёҳ ва кабуд дар дохилашон ҷисмҳои кулухмонанд дарёфт гардид. Мувофиқи маълумотномаи Раёсати ташхисӣ-криминалистии ВКД таҳти №225 аз 01.02.с.2015 маводи гирифташуда, маводи таркандаи борут (порох) буда, вазнашон 4 кг 254 граммро ташкил медиҳад, ки барои истифода коршоям мебошанд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






