Вохӯрӣ бо интихобкунандагон
Душанбе, 19.02.2015.(АМИТ «Ховар»).-Зайниддин Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Темурмалику Балҷувон бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуд. Дар ин вохӯриҳо Зайниддин Сафаров ҷиҳати иштирок дар маъракаи интихоботии дар пешистода шаҳрвандонро даъват намуда, изҳор дошт, ки интихоби онҳо барои рушди кишвар нақши муҳимро мебозад ва шаҳрвандон бо интихоби номзади арзандаи дар рушди мамлакат, таҷдиду таҳкими қонунгузорӣ саҳми худро хоҳанд гузошт.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки Барномаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва барномаи З. Сафаров ба рушди ҳама соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ, эҳёи деҳот ва беҳтар кардани шароити зиндагии мардум, пеш аз ҳама мардуми деҳот равона гардидааст. Бо ҳамин мақсад ҲАТ дар интихоботи навбатӣ теъдоди бештари номзадҳояшро ба мақомоти намояндагӣ аз ҷамоат то парламенти кишвар пешбарӣ намудааст.
Бояд тазаккур дод, ки Зайниддин Сафаров алҳол вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҲАТ буда, номзадиаш дар интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ, 39 пешбарӣ гардидааст.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Ҳизби аграрии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






