Вохӯрӣ бо модарони сарбозон
Душанбе, 25.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон бахшида ба 22-юмин солгарди Артиши Миллӣ дар толори фарҳангии «Наврӯзгоҳ» сабти барномаи идонаи «Хонадон»-ро бо иштироки хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, сарбозону афсарони қӯшунҳои ҳарбӣ — ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, модарони сарбозон ва як оилаи низомӣ ташкил намуд.
Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, намояндагони кумита, мадарон ва сарбозон дар бораи эҳсоси худшиносии миллӣ, нақши оила дар тарбияи ватандӯстонаи фарзанд суҳбат карданд.
Аз ҷониби кумита ба модарони сарбозон барои дар руҳияи поктинатӣ, ростқавлӣ ва матонату мардонагӣ тарбия намудани фарзандонашон Сипоснома супорида шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






