Вохӯрии Неъматулло Эмомзода бо Ҳамид Читчиён
Душанбе, 05.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода 3-юми феврали соли ҷорӣ бо Ҳамид Читчиён, вазири неру ва ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон дидору мулоқот баргузор намуд.
Зимни мулоқот Сафири Тоҷикистон масъалаҳои зеринро дар робита ба иҷрои бандҳои ҷаласаи 10-уми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эронро (02.09.2014) ба миён гузошт: ҷараёни баррасии «Барномаи муштараки давлати ҶТ ва ҶИЭ дар мавриди ҳамкориҳои дарозмуддати тиҷоратию иқтисодӣ барои солҳои 2015-2020»; ташкили ҷаласаи Кумитаи пайгирӣ; сафари расмии вазири кишоварзии ҶТ ба ҶИЭ; сафари кории мутахассисони тоҷик барои боздид аз паркҳои илмию фанноварии Исфаҳон, Табрез ва Теҳрон; таҳсили донишҷӯёну мутахассисони тоҷик дар бахшҳои маъдан ва металлургия; ташкили Кумитаи муштараки ҳамкориҳои омӯзиши геологӣ; омузишҳои фаннии мутахассисони заминшинос; давраҳои омӯзишӣ дар бахшҳои чорводорӣ, занбури асалпарварӣ, паррандапарварӣ ва моҳипарварӣ.
Мувофиқа ҳосил шуд, ки ҷиҳати баррасӣ ва пешрафти тавофуқоти дар Протокол инъикосгардида, ҷаласаи коршиносони соҳаҳо бо иштироки кормандони масъули намояндагӣ баргузор гардад. Ҳамчунин барои нишасти Кумитаи пайгирии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангии ҶТ ва ҶИЭ дар наздиктарин фурсат даъватномаҳо ирсол хоҳанд гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






