Вохӯрии Р. Раҳимзода бо А. Фазлӣ
Душанбе, 20.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрии вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири кишвари Эрон Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ баргузор гардид.
ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, ки вазири кишвари Эрон Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ ташрифи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзодаро ба сарзамини Эрон боиси хушнудӣ ва сарфарозӣ арзёбӣ намуда, зикр кард, ки муносибатҳои ин ду давлати дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта, барои тараққиёти соҳаҳои гуногуни ин ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоваранд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили марбут ба терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши силоҳ ибрози андеша намуда, барои пешгирӣ ва мубориза бурдан бо хатарҳои ҷаҳони муосир мубодилаи афкор намуданд.
Дар айни замон сафари вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






