Вохӯрии Р. Раҳимзода бо донишҷӯён
Душанбе,27.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз дар Душанбе вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо донишҷӯёни фаъоли донишгоҳҳо ва донишкадаҳои кишвар вохӯрӣ анҷом дод.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки Р. Раҳимзода иброз намуд: «Ҷавонон бояд ояндасози миллати хеш бошанд, зеро маҳз ҳушёрии сиёсӣ, сатҳи баланди дониш, далерию шуҷоатмандӣ, якдилию якдигарфаҳмӣ, дӯстию рафоқат, ҷомеаро ташаккул дода, боиси пешрафту тараққиёти кишвар мегардад. Ҷавононро мебояд бо азму иродаи қавӣ, якдилу якҷоя барои ободию сарзабзӣ ва тинҷию осудагии Ватани азизамон — Тоҷикистон ҷаҳду талош варзанд».
Дар идомаи вохӯрӣ зикр шуд, ки шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои авомфиреб ва даст задан ба зуҳуроти номатлуб хоси фарҳанги волои миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик нест.
Бояд аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, нашъамандӣ ва дигар кирдору рафторҳои ғайриинсонӣ ҳазар намуда, дар роҳи расидан ба ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик, ки созандагию ободонӣ ва рушду тараққиёт аст, қувваю неруи худро сарф намоем.
Дар ҷараёни суҳбати озоду самимӣ як гурӯҳ донишҷӯён изҳор доштанд, ки онҳо ҳамчун насли ояндасози боэътимоди ҷомеаи мутамаддини миллии Тоҷикистон, бо воситаи омӯхтани илму дониш, фарҳангу маданият, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани техникаву технологияи ҳозиразамон дар ҳамбастагию якдилӣ ва ваҳдату ягонагӣ ба сӯи ояндаи дурахшон, барои ободию осоиштагии мардуми кишвар ҷаҳду талош меварзанд.
Бояд зикр намуд, ки ин гуна вохӯриҳои судманд барои боз ҳам робитаи зич пайдо кардан бо кормандони милитсия дар пешгирии ҷиноятҳо мусоидат менамояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






