Вохӯрии Р. Солиев бо У. Руснак дар Белгия
Душанбе, 13.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- 12 феврали соли 2015 дар шаҳри Брюссел вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо Дабири кулли Паймони Неру Урбан Руснак баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Паймони Неру муҳокима шуд.
Сафири Тоҷикистон Р.Солиев ба Урбан Руснак дар бораи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба арзёбии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, маълумот дода, ӯро ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ даъват намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






