Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон
Душанбе, 14.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- 13 феврали соли 2015 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Назирмад Ализода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Самат Ордабаев баргузор гардид.
Зимни мулоқот тарафҳо сатҳи кунунии ҳамкориҳо ва масъалаҳои дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистонро мавриди муҳокима қарор дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодӣ, рушди заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин дар соҳаҳои муҳоҷират маориф ва фарҳанг табодули назар намуданд.
Ҷонибҳо зарурати фаъолгардонии нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро, ки баргузории ҷаласаи навбатии он нимаи дуюми марти соли 2015 дар назар аст, ҳамчун механизми таъсирбахш барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба қайд намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






