Вохӯрии шаҳрдори Хуҷанд бо интихобкунандагон
Хуҷанд, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Шуруъ аз 12 феврал дар шимоли кишвар, аз чумла дар шаҳри Хучанд вохӯрии довталабон бо интихобкунандагон ҷараён дорад. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз Комиссияи вилоятии интихоботӣ оид ба вакилони Маҷлиси вакилони халқии вилояти Суғд иттилоъ доданд, дирӯз зимни як вохӯрӣ ду нафар номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи № 13 Гулбаҳор Турсунова ва номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии № 5, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок доштанд.
Номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Гулбаҳор Турсунова доир ба барномаи пешазинтихоботии худ ба ҳозирон маълумот дода, изҳори умедворӣ намуд, ки интихобкунандагон 1 март дар ин чорабинии сиёсӣ иштироки фаъолона хоҳанд кард.
Номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни ироаи барномаи худ, ки иборат аз 18 нуктаи асосӣ аст, гуфт, ки ҳадафи асосии барномаи ӯ чун намояндаи мардумӣ дар маҷлиси вилоятӣ пеш аз ҳама ҳалли масъалаҳои муҳими шаҳрдорӣ, аз қабили идомаи корҳои ободонӣ, таъмини сокинон бо ҷойҳои нави корӣ, дастгирии корхонаҳои хурду миёна ва соҳибкорӣ, ҳамчунин таъмири роҳҳои асосӣ ва кӯчаи шаҳр, таъмини кӯдакон бо боғчаи бачагона ва сари вақт баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон иборатанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






