Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Тойво Клаар

Февраль 3, 2015 08:28

Душанбе, 03.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- 2 феврали соли 2015 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо роҳбари шуъбаи Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо оид ба равобити сиёсӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Тойво Клаар  баргузор гардид.
Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла натиҷа ва хулосаҳои музокироти сиёсӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва равандҳои муҳими ҳамкории дуҷониба, амният ва  масъалаҳои муҳими минтақавӣ, омодагии кишвар ба интихоботи парлумонӣ, масъалаҳои обу энергетика ва дигар масъалаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар мулоқот сафири Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар  Тоҷикистон Ҳидайет Бишевич низ ҳузур дошт.
 

Февраль 3, 2015 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд