Вусъати корҳои ободонӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 14.02.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Бахшида ба ҷашнҳои таърихии 700-солагии алломаи Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва пойтахти фарҳангӣ эълон гардидани шаҳри Кӯлоб дар ин минтақа 700 рӯзи ободонию сабзазоркунӣ эълон гардида, дар ин замина корҳои ободонию созандагӣ бо маром ҷараён доранд.
Ба қавли сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб Хуршед Ашӯрмадов шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар мавсими ниҳолшинонӣ 68 ҳазор бех ниҳоли ҳамешасабзу ороиширо дар кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳр шинониданд.
Ба гуфти масъулин то ба имрӯз бо ҷалби идораю ташкилот, муассисаю корхонаҳо ва сокинон дар қитъаҳои вобасташуда 21 ҳазору 647 бех ниҳоли ҳамешасабзу ороишӣ ва зиёда аз 4 ҳазор бех гулу буттаҳои мавсимӣ шинонидаанд.
Аз рӯи иттилои масъулин рӯзҳои истироҳатӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари умумишаҳрӣ эълон гардид.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






