Ёде аз оҳангсози маъруфи тоҷик
Душанбе, 03.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бахшида ба ҳаёту эҷодиёти оҳангсози маъруфи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шодравон Хайрулло Абдуллоев дар толори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта маҳфили мусиқӣ доир гардид.
Тавре ки иброз гардид, оҳангҳои эҷодкардаи Хайрулло Абдуллоев дар такя ба мусиқии миллии тоҷик офарида шуда, аз ҷониби сарояндагони маъруф суруда шудаанд. То имрӯз оҳангҳои офаридаи ин шахсияти маҳбуб қадру манзалати баланд дошта, аз ҷониби сарояндагон пурра истифода мегарданд ва дар дили мардум ҷой гирифтаанд.
Х. Абдуллоев инчунин оҳангҳоро бо истифода аз асбобҳои мусиқии касбии ҷаҳонӣ низ эҷод кардааст. Дар маҳфили мусиқӣ наздикону пайвандон ва он санъаткороне, ки бо шодравон Х. Абдуллоев ҳамкории зич доштанд, аз лаҳзаҳои ҳаёт ва шахсияти арзанда буданаш ёдовар шуданд.
Сипас ҳунармандони шинохта ва санъаткорон аз эҷодиёти оҳангсоз барномаи ҷолиби консертиро ба ҳозирин пешниҳод карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






