Зани қаблан судшуда боз ба ҷинояти нанговар даст зад
Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз кормандони милитсия як зани 24-сола, сокини шаҳри Душанберо, ки қаблан бо моддаҳои 339 ва 244 КҶ ҶТ суд шудааст, бо гумони ба фоҳишагӣ ҷалб намудани духтарон дастгир намуданд.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, дастгиршуда моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ шаҳрвандон: Ш.С., соли таваллудаш 1989, Т.М., соли таваллудаш 1996 ва К.М., соли таваллудаш 1997, сокинони шаҳри Душанберо ба фоҳишагӣ ҷалб намуда, бо мақсади алоқаи ҷинсӣ намудан бо шаҳрванд М.С., соли таваллудаш 1982, сокини пойтахт шинос карда, ба ивази хизматаш аз ӯ сари ҳар нафар 300 сомонӣ маблағи пулӣ гирифтааст.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






