Занони Рашт ҷонибдори ваҳдату ягонагӣ
Душанбе, 25.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи дарпешистода аз 19 то 23 феврали соли 2015 дар байни занону духтарони ноҳияи Рашт оид ба паҳлуҳои гуногуни масоили занон, тарбияи дурусти фарзандон, тарбия дар руҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, пешгирии ифротгароии ҷавонон, ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки занон дар маъракаи сиёсӣ ва истифодаи неруи занон дар ин самт вохӯриҳо доир намуд.
Чунин вохӯриҳо дар деҳаи Новдонаки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх бо иштироки 95 нафар, дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт дар байни донишҷӯён, дар ҷамоати деҳоти Қалъанак дар муассисаи таълимии №25 деҳаи Шаҳринав бо иштироки 100 нафар занону модарон, 21 феврал дар деҳаҳои Белчӣ, Боғистони ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода бо 97 нафар зан, дар ҷамоати деҳоти Тагоба бо иштироки 87 нафар занону ҷавонон, 22 феврал дар деҳаи Янғолиқ ва Нимичи ҷамоати деҳоти Ҷафр байни 80 нафар занони хонанишин гузаронида шуданд. 23 феврал дар байни 78 нафар занони корхонаи дӯзандагии «Зуҳал»-и ҷамоати деҳоти Ҳалқарф ва худи ҳамон рӯз бо 20 нафар занони деҳаи Бедак, фаъолон, сарварони мактабҳо, ҷавондухтарон ва занони хонанишин дар китобхона вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯриҳо бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳо, сарварони мактабҳо, занони фаъол ва хонанишин баргузор гардиданд.
Руҳияи занону ҷавонони ноҳияи Рашт идона буда, онҳо аз сиёсати имрӯзаи Сарвари Давлат қаноатманд мебошанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






