Зиёд шудани муроҷиат ба Ваколатдор
Душанбе, 2.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).-Соли 2014 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ) 3252 муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар соли 2013 ҳамагӣ 2528 ададро ташкил медиҳад. Аз теъдоди муроҷиатҳои бақайдгирифташуда 542 адад дар дастгоҳи марказии ВҲИ ва 2710 адад аз ҷониби 11 қабулгоҳи ҷамъиятии ВҲИ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ баррасӣ шудаанд.Муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба дастгоҳи марказии ВҲИ аз ҷониби сокинони шаҳри Душанбе 109 адад, вилояти Хатлон 31 адад, вилояти Суғд 35 адад, ВМКБ-0 адад, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ-50 адад, берун аз ҷумҳурӣ-17 адад ворид гаштаанд.
«Аксарияти аризаву шикоятҳои хаттии дар соли 2014 ба мақомоти ВҲИ воридгардида нисбат ба мақомоти судӣ мебошанд, гарчанде ки онҳо нисбат ба соли 2013 тамоюли камшавӣ доранд»-иттилоъ дод Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода. Муроҷиатҳои хаттӣ дар самти ҳуқуқ ба манзил низ нисбат ба соли гузашта 18 адад зиёд шудаанд, афзуд манбаъ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






