1 миллион рубл ба оилаи қурбониёни Қазон
Душанбе, 16.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тавре ки иттилоъ додем, дар натиҷаи сӯхтори бозори «Адмирал» дар шаҳри Қазон шаш нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид. Аз ҷумла, Риёев Эмомалӣ Раҳматуллоевич, с.т. 1984 аз н. Рӯдакӣ, Тураев Қосимҷон Азамхуҷаевич, с.т. 1971 аз ш. Душанбе, Ҳикматуллои Ҳайтуллохон, с.т. 1992 аз н. Рӯдакӣ, Давронов Алишер Азимович, с.т 1996 аз шаҳри Душанбе.
Инчунин эҳтимолияти мавҷуд будани ҷасади боз ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон (Хомидов Шокир Хокимович ва касе бо номи Асадулло) дар зери бому деворҳои афтодаи маркази тиҷорати мавҷуд аст ва маълумот дар бораашон дақиқ мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагии Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, се нафари дигар ҷароҳати гуногун бардошта, дар беморхонаи №7 ва №12-и шаҳри Қазон қарор дорад. Ҳамаи ҷабрдидагон ва фавтидагон дар бозори «Адмирал» ба ҳайси фурӯшанда ва дӯкондор кор мекарданд.
Ҳукумати Тотористон тасмим гирифтааст, ки ба хонаводаи қурбониёни сӯхтор 1 миллион рубли русӣ кумак карда, харҷи интиқоли ҷасади онҳро ба ватанашон ба уҳда гирад. Ба шахсоне, ки осеби ҷиддӣ надидаанд, вобаста ба зиёнашон аз 200 то 400 ҳазор рубли русӣ ҷубронпулӣ дода мешавад.
Бо мақсади расонидани кумак ба шаҳрвандони зарардида ва хешони қурбониёни фалокат корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қазон Шоҳназар Таваров ва роҳбари ҷамъияти тоҷикони минтақа Ҳикматулло Гадоев дар ҷои воқеа қарор доранд. Сафорат ҳамчунин бо ситоди Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар Қазон ва дигар мақомоти марбутаи ин қазия доимо дар тамос аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






