“Қабодиён” номи “Заркамар”-ро гирифт
Душанбе, 12.03.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Ахиран дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллӣ деҳоти “Қабодиён”-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба “Заркамар” табдили ном кард.
Ин тадбир дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва Қарори Маҷлиси миллӣ амалӣ гардонида шуд.
“Заркамар” ном гирифтани деҳоти ноҳияи Қубодиён ба он рабт дорад, ки он дар соҳили дарёи Кофарниҳон доман густурда ва намуди ин мавзеъ зардранг аст, инчунин табдили ном кардани деҳоти “Қабодиён” ба “Заркамар” бартараф кардани номи такрорист.
Бояд тазаккур дод, ки дар зарфи панҷ сол Маҷлиси миллӣ 71 пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро марбут ба масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ баррасӣ ва ҷонибдорӣ намудааст, ки тибқи он номи 7 шаҳрак, 40 деҳот ва 601 деҳа тағйир дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






