Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 16 марти соли 2015 №154
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи Сардори Хадамоти
гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Рустами Эмомалӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Рустами Эмомалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 16 марти соли 2015 №155
ш. Душанбе
Дар бораи Сардори Хадамоти гумруки
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Абдуфатоҳи Ғоиб
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдуфатоҳи Ғоиб Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 16 марти соли 2015 №156
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи
телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Асадулло
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раҳмон Асадулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 16 марти соли 2015 №157
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Пирзода М.Ш.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Пирзода Маҳмадсаид Шоҳидин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 16 марти соли 2015 №158
ш. Душанбе
Дар бораи Раиси Кумитаи
телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Пирзода М.Ш.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Пирзода Маҳмадсаид Шоҳидин Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 16 марти соли 2015 №159
ш. Душанбе
Дар бораи муовини якуми Вазири
фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Машрабов И.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Машрабов Ибодулло муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






