Қарзи нави бебозгашт барои Тоҷикистон

Март 18, 2015 15:26

Душанбе, 18.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- 17 март  Шӯрои директорони  иҷроияи Бонки  умумиҷаҳонӣ барои  маблағгузории «Лоиҳаи  рушди  бунёди  хидматрасонии коммуналии Тоҷикистон»  ба  маблағи 14  миллиону 500  ҳазор  доллари  ИМА  қарзи  бебозгашт ҷудо  кард.
Тавре  ки аз  намояндагии Бонки  умумиҷаҳонӣ  дар ҶТ хабар доданд, лоиҳаи  мазкур  ба  ислоҳоти  бахши хидматрасонии  коммуналӣ, ки  бо  маблағгузории Бонки  умумиҷаҳонӣ рӯи  кор омадааст,  истинод  мекунад.
Лоиҳаи  мазкур  ба  такмили  сохтори ёрирасони  мунисипалию  коммуналӣ мусоидат  карда,  ҳамчунин имкон  медиҳад, ки неруи  мақомоти   маҳаллии  ҳокимият  ва  корхонаҳо  барои  хидматрасонӣ  ба  манзури   баланд  бардоштани  сатҳи  хидматрасонии  сокинони  маҳаллӣ  афзун  карда  шавад. Хидматрасонии  зикршуда  иборат  аз таъмини   оби  тозаи  нӯшокӣ,  санитария,  безарар  гардонидани   партовҳои рӯзгор, чароғон намудани кӯчаю роҳҳои  маҳаллӣ  мебошад. Акнун  беш  аз 100  ҳазор нафар  сокинони  Ҳисор, Конибодом,  Данғара, Сарбанд,  Восеъ ва  Фархор  метавонанд, ки  аз  бартариҳои  маблағғузорӣ  ба   сохтори  ёрирасони   маҳаллӣ  бархурдор  шаванд.
Лоиҳаро Корхонаи  воҳиди  давлатии «Хоҷагии  манзилию  коммуналӣ»  дар  давоми  чор  сол  дар  амал  татбиқ  менамояд. 

Март 18, 2015 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш