Қурби рубли русӣ ва евро каме баланд шуданд

Март 20, 2015 09:16

Душанбе, 20.03.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар рӯзҳои аввали ҳафтаи ҷорӣ қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 6,2700-6,2900 сомониро ташкил намуд. 
    Дар ин рӯзҳо қурбҳои миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро  каме баланд шуда, мувофиқан 0,1020-0,1030 сомонӣ ба як рубли русӣ ва ба 6,6170-6,6350 сомонӣ ба як евро баробар шуданд. 
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ 19 март қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри  Душанбе 6,2600-6,2800 сомонӣ,  Хуҷанд 6,2600-6,2800 сомонӣ ва Қурғонтеппа 6,2600-6,2800 сомониро ташкил дод. 
 
 
 

Март 20, 2015 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш