Ҳадяи наврӯзии «Лона» ба атфоли бемор
Душанбе, 20.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмони ҷамъиятии «Лона» ба кӯдакони мубталои бемории саратон, ки дар бемористони марказии саратоншиносии ҷумҳурӣ ба табобат фаро гирифта шудаанд, туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуданд. Ин туҳфаҳо аз 7 адад телевизор ва видео, доруворӣ ба маблағи беш аз 10 ҳазор сомонӣ иборат буда, инчунин ба атфоли мариз ҳадяҳои наврӯзӣ ва ба волидайнашон низ кумаки яквақтаинаи маводи ғизоӣ расонида шуд.
Дар маросими супоридани ҳадяҳои наврӯзӣ ба атфоли бемор муовини Сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳодӣ Алипур, раиси намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон Сайид Маҳдӣ Ибодӣ, масъули созмони ҷамъиятии «Лона» Ҷӯрахон Бобохон, мудири кулли умури байналмиллалии созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ Фалоҳатпеша, сарпарасти ройзании фарҳангии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон Меҳрдоди Порсо ва масъулини бемористони саратоншиносӣ сухан гуфтанд.
Ҷӯрахон Бобохон, масъули созмони ҷамъиятии «Лона» ин иқдомро дар остонаи ҷашни фархундапайи Наврӯз фоли нек ном унвон карда, гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии атфоли бемор доимо ғамхорӣ зоҳир намуда, тадбирҳои муассир меандешанд. Дар канори ин созмони ҷамъиятии «Лона», ки сарпарасти онро Озода Раҳмон -муовини авали вазири корҳои хориҷии кишвар ба уҳда доранд, ҳамарӯза барои дастгирии атфоли мубталои бемории саратон ва оилаҳои он корҳои хайрро анҷом медиҳад. Инчунин зикр шуд, ки дар ояндаи наздик аз ҷониби Кумитаи имдод ба ин бемористон ба маблағи 10 ҳазор доллар доруворӣ ва маводи мавриди ниёзи аввал харидорӣ мегардад.
Ҳамзамон дар маросими супоридани туҳфаҳо Сайид Маҳдӣ Ибодӣ- раиси намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ки дар оянда намояндагии Кумитаи имдод ироаи кумакҳоро ба кӯдакони мубталои бемории саратон, тавсеа дода барномаҳои ҷадидро амалӣ хоҳад кард. Мавсуф ба волидайни атфоли бемор сабру таҳаммул ва ба атфол дар айёми Наврӯз шифои комилро таманно намуд. С. Ибодӣ таъкид кард, ки аз ҷониби соҳибкорони эронӣ таклиф шудааст, ки ҳар моҳ барои хариди доруворӣ ба ин марказ маблағи 6 ҳазор сомонӣ мунтазам тӯли як сол кумак расонида хоҳад шуд. Дар фарҷоми маросими ироаи кумакҳои наврӯзӣ гурӯҳи ҳунармандони эронӣ, ки дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон омадаанд, барномаи рангини мусиқию фарҳангиро пешкаши кӯдакони мариз гардониданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






