Ҳафтаи охири моҳи март серборон мешавад
Душанбе, 27.03.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имрӯз, 27 март, ҳаво дар саросари минтақаҳои Тоҷикистон абролуд буда, борон борида, ҳарорати ҳаво рӯзона 13 дараҷа гарм мешавад. Бегоҳӣ борони сахт борида, туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 5 — 7 дараҷа гарм мешавад.
Шабонарӯзҳои 28 ва 29 март ҳаво абролуд шуда, борони сахт меборад. Ҳаво шабона 5 — 7 дараҷа ва рӯзона 9 — 11 дараҷа гарм мешавад.
Ба гуфтаи ҳавошиносон, ҳафтаи охири мохи март серборон шуда, ҳаво рӯзона 15 — 17 дараҷа гарм мешавад.
Пагоҳ, 28 март, ҳарорати ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон 12 — 14 дараҷа, вилояти Суғд 11 — 13 дараҷа, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 — 14 дараҷа, дар ғарби ВМКБ 9 — 11 дараҷа, дар шарқи ВМКБ 3 — 5 дараҷа ва дар шаҳри Душанбе 10 — 11 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин бора аз Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






