Ҳайати «Эстафетаи хотира» ба Душанбе омад
Душанбе, 30.03.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Имрӯз ҳайати бонуфузи иштирокчиёни «Эстафетаи хотира» аз Ассамблеяи Байнипарлумонии /АБ/ кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ таҳти сарварии узви Кумитаи масъалаҳои аграрии Маҷлиси Парлумони Қазоқистон Жексенбай Дуйсебаев ба Душанбе ташриф овард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмононро Абдуҷаббор Азизӣ- муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ истиқбол гирифт. Бояд тазаккур дод, ки «Эстафетаи хотира» дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои ИДМ ба ифтихори таҷлили сазовори 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ — солҳои 1941-1945 рӯзҳои 30 ва 31 марти соли равон дар Душанбе гузаронида мешавад. Дар доираи эстафетаи мазкур, ки асосан чорабиниҳо дар Боғи Ғалаба роҳандозӣ мегарданд, дар интиҳо шуълаи оташи фурӯзони ҷовидон аз Маҷмааи хотиравии «Ғалаба» дар капсула баҳри тақвияти оташи ҳамсон дар расми истиқболи 70-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ дар шаҳри Маскав гирифта мешавад. Инчунин дар майдони «Ғалаба»-и пойтахт имрӯз иқдоми «Амвоҷи сабз» гузаронида мешавад.
Интизор меравад, ки фардо дар Душанбе мулоқоти раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати «Эстафетаи хотира»-и АБ кишварҳои ИДМ баргузор гардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






