Ҳаво дар рӯзҳои ид гарм мешавад
Душанбе, 20.03.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имрӯз, 20 март, дар саросари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаю камбориш дар назар аст. Ҳавои кишвар рӯзона ба ҳисоби миёна 14 — 16 дараҷа гарм шуда, бегоҳӣ каме бориш мешавад.
Шабонарӯзи 21 март ҳаво камабр шуда, бориш намешавад. Ҳаво шабона 9 — 11 дараҷа ва рӯзона 21 — 23 дараҷа гарм мешавад.
22 март ҳавои софу бебориш дар назар буда, ҳаво шабона 11 — 13 дараҷа ва рӯзона 21 — 23 дараҷа гарм мешавад.
21 март ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон 20 — 21 дараҷа, вилояти Суғд 17 — 19 дараҷа, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 19 — 21 дараҷа, дар ғарби ВМКБ 9 — 13 дараҷа, дар шарқи ВМКБ 3 — 5 дараҷа ва дар шаҳри Душанбе 23 — 25 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин бора аз Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






