Ҷаласаи ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои ОМ
Душанбе, 30.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Брюссел 26 март ҷаласаи навбатии ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Зимни ҷаласа Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустамҷон Солиев ба таваҷҷуҳи вакилон оид ба ҷараёни омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015, ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маълумоти муфассал манзур намуд.
Зикр шуд, ки дар конфронс намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СММ, сохторҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, ҷомеаҳои соҳибкорӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ҷомеаи маданӣ, ҳамчунин олимон ва коршиносон иштирок хоҳанд кард.
Раиси ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле таъйид намуд, ки дар кори конфронси байналмилалии Душанбе ҳайати баландпояи Парлумони Аврупо иштирок хоҳад кард.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






