Ҷаласаи гурӯҳи махсуси кории давлатҳои узви СҲШ

Март 17, 2015 08:54

 
Душанбе, 17.03.2015. (АМИТ «Ховар»). — 16 марти соли 2015 бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи шашуми гурӯҳи махсуси кории давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба мусоидат ба сармоягузориҳо ба кори худ оғоз намуд.
Сардори шуъбаи маҷмўӣ ва иттилооти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи д влатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Назурдинов иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи мазкур намояндагони масъули самти сармоягузорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва тиҷоратии давлатҳои аъзои Созмон (Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон), Котибот, Иттиҳодияи байнибонкӣ ва Шӯрои тиҷоратии Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
Дар ҷаласа ширкаткунандагон ҷараёни иҷрои қисми 1 Нақшаи чорабиниҳо доир ба иҷрои «Барномаи ҳамкории тиҷоратӣ — иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ»-ро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба лоиҳаи «Нақшаи чорабиниҳо доир ба рушди минбаъдаи фаъолияти лоиҳавӣ дар доираи СҲШ барои давраи солҳои 2017-2021» пешниҳодҳо манзур карданд.
Инчунин доир ба масъалаҳои таҳияи лоиҳаи «Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ дар давлатҳои аъзои СҲШ», ҷараёни омодасозии маҷаллаи сармоягузории давлатҳои аъзои СҲШ, баргузории Форуми сармоягузории давлатҳои аъзои СҲШ, ки нахустини он моҳи сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ибрози ақида намуданд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли раисии хеш дар СҲШ (2014) як силсила чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва иқтисодиро барпо намуд, ки дар пешбурди минбаъдаи фаъолияти СҲШ нақши арзанда бозидааст.
Дар интиҳои ҷаласа аз тарафи иштирокчиён Протоколи ҷаласаи шашуми гурӯҳи махсуси кории давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба мусоидат ба сармоягузориҳо ба имзо расида, «Нақшаи кори гурӯҳи махсуси кории давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба мусоидат ба сармоягузориҳо барои соли 2015» қабул мегардад.
 
 
 

Март 17, 2015 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд