Ҷаласаи ШВКХ СААД дар Душанбе баргузор мешавад

Март 30, 2015 13:28

Душанбе, 30.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- 2  апрел Шӯрои вазирони корҳои  хориҷии  Созмони Аҳдномаи  амнияти дастаҷамъӣ дар  шаҳри  Душанбе  тадбирҳои  оид ба  ҷилавгирии  ситезаҷӯӣ ва хавфу  хатар  ба  минтақаи  амнияти  дастаҷамъиро  мавриди  муҳокима қарор  медиҳад. 
Ҷаласа  таҳти раёсати  вазири   корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Сироҷиддин  Аслов  баргузор  шуда, дар  он вазири корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Арманистон  Эдвард Налбандян, вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Беларус  Владимир  Макей, вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Қазоқистогн  Ерлан  Идрисов,  вазири   корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев  ва  вазири   корҳои  хориҷии  Федератсияи  Русия  Сергей  Лавров  иштирок  менамоянд.
Тавре  ки  котиби  матбуоти  СААД Владимир Зайниддинов  хабар  дод,  вазирони  корҳои  хориҷӣ   масоили  имрӯзаи  сиёсати  байналмилалӣ  ва  тадбирҳои оид ба ҷилавгирии  ситезаҷӯӣ ва  хавфу  хаьтар  ба  минтақаи  амнияти  дастаҷамъии  СААД — ро  мавриди  муҳокима  қарор  медиҳанд.
Дар  ҷаласа Дабири  кулли  СААД  Николай Бордюжа  иштирок намуда, дар  бораи  вазъияти  минтақаи  масъулияти Созмони Аҳдномаи  амнияти дастаҷамъӣ ва минтақаҳои ҳамҳудуд маърӯза  мекунад. 
Дар  ҷараёни ҷаласа қабули Изҳороти  вазирони  корҳои  хориҷии давлатҳои  узви Созмони  Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ   ба  муносибати  70 — солагии Ғалаба  дар Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  дар  назар  аст. 
Ба  рӯзномаи  ҷаласаи Шӯрои  вазирони  корҳои  хориҷии  СААД ҳамчунин  тасдиқи Нақшаи  машваратҳои  намояндагони  давлатҳои узви Созмони  Аҳдномаи  амнияти дастаҷамъӣ аз  рӯи масоили   сиёсати  хориҷӣ  ва  мудофиа дар  нимаи  дуюми соли  2015 ва нимаи аввали  соли  2016 шомил  аст.
Ёдовар  мешавем, ки ба  СААД  Арманистон,  Беларус,  Қазоқистон, Қирғизистон,  Русия, Тоҷикистон дохиланд.

Март 30, 2015 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!