Ҷаласаи ВКХ-и СААД дар Душанбе

Март 31, 2015 12:15

Душанбе, 31.03.2015.(АМИТ”Ховар”, Некрӯзи Муҳамадсодиқ).-2-юми апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷии Арманистон Эдвард Налбандян, Беларус Владимир Макей, Қазоқистон Ерлан Идрисов ва Русия Сергей Лавров иштирок хоҳанд кард.
  Вазирони корҳои хориҷӣ дар ҷаласа масъалаҳои муосири сиёсати байналмилалӣ  ва иқдомотро ҷиҳати пешгирии хатар ва чолишҳои  муосир дар минтақаҳои Амнияти дастаҷамъии  СААД муҳокима хоҳанд кард.
Барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД Намояндаи амалкунандаи СААД, вазири корҳои хориҷии Сербия Ивича Дачич, роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча ва директори Маркази САҲА доир ба пешгирии низоъҳо Адам Кобератский даъват шудаанд.
  Инчунин дар рӯзномаи ҷаласаи  вазирони корҳои хориҷаи СААД дар ҷодаи сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа дар нимаи дуюми соли 2015 ва нимаи аввали соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.
 Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ созмони ҳарбию сиёсӣ буда, 15-уми майи соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз тарафи Ҷумҳурии Арманистон,  Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба шароити муосири геополитикӣ мутобиқ кардани ин Аҳднома ва имкониятҳои воқеии истифодаи неру ва воситаҳои дифои дастаҷамъӣ таъсис шудааст. Соли 1993 Озарбойҷон, Гурҷистон  ва Беларус ба ин Созмон ҳамроҳ гаштанд
  14-уми майли соли 2002 Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ  ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ табдил дода шуд. Оинномаи СААД-ро Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ  7-уми октябри соли 2002 дар шаҳри Кишинев ба имзо расонид ва ин ҳуҷҷат 18-уми сентябри соли 2003 қувваи эътибор пайдо кард.
   Давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ (СААД) Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад
  Имсол Тоҷикистон раёсати Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро ба уҳда дорад.
   Соли ҷорӣ ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва нишасти ниҳодҳои ойинномавии СААД- Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа, Кумитаи дабирони Шӯрои амният ва нишасти дигар ниҳодҳои корӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
 «Нақшаи чорабиниҳо доир ба тадбиқи қарорҳои иҷлосияи декабрии соли 2014-и Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва авлавиятҳои аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодгардида дар давраи раиси Тоҷикистон дар ин Созмон» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои иштироки худ дар фаъолияти СААД аҳмияти афзалиятнок медиҳад. Ҳамкорӣ дар доираи ин Созмон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст ва он имкон медиҳад, ки бар зидди терроризми байналмиллалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва умуман ба хотири таъмини амният ва субот дар тамоми минтақаи Аврупо ва Осиё, инчунин ҳимояи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатҳои аъзо фаъолона тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Тоҷикистон манфиатдори он аст, ки СААД дар амал ба омили муҳими таъмини амнияти ҷаҳонию минтақквӣ мубаддал гардид .
Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои фаъол намудани раванди ҳамгироии ҳарбию сиёсии давлатҳои аъзо ва ҳамоҳангсозии иқтидори онҳо, такмили соҳаи сиёсати ҳарбӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбию техникии давлатҳои аъзоро аз вазифаҳои наздиктарин ва муҳимтарини Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ меҳисобад.
 
 
 
 

Март 31, 2015 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид