Ҷамъбасти «Ҷоми Наврӯз» миёни филиалҳои «Амонатбонк»
Душанбе, 16.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар варзишгоҳи «Динамо»-и ВКД ҶТ бозии футболи хурд бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Ҷоми Наврӯз-2015» миёни дастаҳои филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Ҳисор, филилаи «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дастаи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм баргузор гардид.
Дар мусобиқаи футболи хурд дастаҳои футбол аз ҳисоби кормандони Раёсати бонк ва филиалҳои он аз навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе фаъолона ширкат намуданд. Ин чорабинии варзишӣ дар толори варзишии «Динамо»-и ВКД ҶТ баргузор гардид, ки дар он беш аз 8 дастаи футболи хурд аз 14 филиал иштироки фаъолона намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонки мазкур, мусобиқаи «Ҷоми Наврӯз-2015» пас аз як ҳафтаи баргузорӣ ҷамъбаст гардид. Дар ниҳоят барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм се даста миёни худ рақобат намуд, ки ҷойи сеюм насиби дастаи филиали бонк дар ноҳияи Ҳисор, ҷойи дуюм насиби дастаи филиали бонк дар ноҳияи Рӯдакӣ ва ҷойи якум насиби дастаи Раёсати «Амонатбонк» гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






