Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Вена
Душанбе, 21.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- 18 марти соли 2015 дар бинои Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Вена бо ибтикори Намояндагиҳои доимии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил карда шуд.
Aз номи намояндагиҳои доимӣ Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аюб Ирфонӣ ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Сипас муовини мудири кулли Шуъбаи СММ дар Вена ҷаноби Дэннис Тчатчайчавалит паёми табрикии муовини Дабири кулли СММ, Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Вена Юрий Федотовро ба меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ ироа намуд.
Намояндагии доимии Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо гӯшаи фарҳангии худро бо наворҳои ҷолибу тамошобоби наврӯзӣ, намунаи ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла сӯзанӣ, гулдӯзӣ ва маводҳои гуногуни таблиғотӣ ороиш дод. Дар гӯшаи Тоҷикистон дастархонаи идона густурда шуда, ба меҳмонон намудҳои гуногуни ғизои миллӣ, меваҳои хушк ва тару тоза пешниҳод гардиданд. Аз гушаи Тоҷикистон теъдоди зиёди ширкаткунандагон дидан карданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






