Ҷашни Наврӯз дар вилояти Суғд
Душанбе, 20.03.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Машварати кории навбатии назди сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гардид.
Дар он асосан барқияи ҳукуматӣ ва ҷараёни омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯз баррасӣ гардид.
Дар асоси барқия аз ҷониби сардори Раёсат нақшаи навбатдории шабонарӯзии кормандон дар рӯзҳои ид тасдиқ гардид. Ҳамзамон дар ин сана дар машғулияти навбатии омӯзишӣ ба кормандони дастгоҳи Раёсат оид ба таърихи иди Наврӯз ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонишавии ин ҷашнвора маълумот дода шуд. Кулли кормандон ҷиҳати риояи тартиботу оромӣ ва меъёрҳои одобу ахлоқ дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз вазифадор гардиданд.
Раёсат дар рӯзҳои таҷлили ин Иди миллӣ доир намудани амалҳои хайриявиро ҳам ба нақша гирифт.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашнии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд намояндагони Раёсат дар ҳайати гурӯҳи аёдатӣ ба муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ташриф оварда, дар маросими туҳфасупорӣ ва ташкили дастурхони идона иштирок ва саҳмгузорӣ хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






