Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Парлумони Аврупо
Душанбе, 18.03.2015 (АМИТ «Ховар»).- 17 марти соли 2015 дар ш.Брюссел дар бинои Парлумони Аврупо бо ибтикори Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ва бо дастгирии бевоситаи Президенти Парлумони Аврупо Мартин Шултс зиёфати бошукӯҳ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.
Ба гурӯҳи ташкилкунандагони чорабинӣ намояндагиҳои дипломатии Афғонистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия ва Ҳиндустон дар Брюссел, инчунин Намояндагии доимии ЮНЕСКО дар назди Иттиҳоди Аврупо шомил буданд.
Дар чорабинӣ вакилони Парлумони Аврупо, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Брюссел, намояндагони доимии дар назди Иттиҳоди Аврупо ва СААШ, шахсони расмии Вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат, Иттиҳоди Аврупо, СААШ, Паймони Нерӯ, Шӯрои Аврупо, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва ВАО, инчунин аъзоёни диаспораи тоҷикони муқими Белгия, Нидерланд ва Люксембург иштирок намуданд.
Аз номи ташкилкунандагон, дар назди ҳозирин бо сухани табрикотӣ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустамҷон Солиев, Раиси Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле ва Намояндаи доимии ЮНЕСКО дар Иттиҳоди Аврупо Сафир Мари Пол Рудил баромад намуданд.
Ба меҳмонони чорабинӣ хӯрок ва шириниҳои гуногуни миллии кишварҳои иштирокчӣ ва намоиши ашёҳои ананавии косибӣ пешниҳод карда шуд








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






